Ҷудочиёни кишвар ба Ҷоми кушоди Осиё сафарбар гардиданд

Таи ду рӯз (13-14 август) дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) бахшида ба гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев, баргузор мешавад. Аз ҷумҳурии мо 8 нафар ҷудокор сафарбар гардиданд.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон ) байни 197 ҷудокор аз 6 кишвари Осиё доир мешаванд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон:
-66kg |
Акбаралӣ Кенҷаев
-66kg |
Аҳмадҷон Аюбов
-66kg |
Абубакр Шеров
-73kg |
Наврӯз Каримзод
-73kg |
Маҳмудҷон Раҳимов
-81kg |
Ҳайдар Саидкабирзода
-90kg |
Кароматулло Ҳакимов
-100kg |
Амирҷони Насимҷон

Барномаи баргузорӣ:
12-уми Август | Ҷумъа
Қуръакашӣ
Оғоз: 14:00

Рӯзи 1 | 13-уми Август | Шанбе
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:30
Занон: -48kg, -52kg, -57kg, -63kg;
Мардон: -60kg, -66kg, -73kg;

Рӯзи 2 | 14-уми Август | Якшанбе
Оғоз:  10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Занон: -70kg, -78kg, +78kg;
Мардон: -81kg, -90kg, -100kg, +100 kg;


*Вақти Душанбе

•   Барои мақоми аввал - 100 имтиёз, дуюм – 70 ва сеюм - 50 имтиёз дода мешавад.

•   Рақобатҳо мустақиман дар 
YouTube-саҳифаи Федератсияи ҷудои Қазоқистон ва ТВ "Варзиш" пахш мешаванд.