Масъуди Аҳмадзод дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ҳафтум шуд

Дар рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ҷумҳурии моро Масъуди Аҳмадзод дар вазни -73кг намояндагӣ кард. Мутаассифона, Масъуд мусобиқаро бидуни медал ба анҷом расонид.

Аҳмадзод рақобатро аз даври дуюм муқобили Ҳабиб Куевас аз Мексика оғоз кард. Ҷудокори мо бо ду «ваза-ари» бар ҳариф дастболо шуд.

Дар даври дуюм Масъуд бар Чемпиони феълии Осиё миёни ҷавонон – Азизбек Ортиқов (Ӯзбекистон) бо «иппон» пирӯз шуд, вале дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори гурҷӣ Коте Капанадзе ва дар даври тассалобахш аз варзишгари ИМА Ҷек Ёнезука шикаст хурд ва аз идомаи сабқат бенасиб монд.

Final Results -73kg

1. TANAKA Ryuga (JPN)
2. TERASHVILI Giorgi (GEO)
3. YONEZUKA Jack (USA)
3. KOWALSKI Marcin (POL)
5. SZEGEDI Daniel (HUN)
5. KAPANADZE Kote (GEO)
7. DOUKKALI Hassan (MAR)
7. MASUDI Ahmadzod (TJK)


Ҳамакнун, дар рӯзи сеюми Қаҳрамонӣ дар вазни -81кг Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ҳунарнамоӣ мекунанд.