Қаҳрамонии ҷаҳон барои ҷудкорони тоҷик ба анҷом расид

Дар рӯзи сеюми Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -81кг Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов Тоҷикистонро намояндагӣ карданд. Мутаассифона, ҳарду ҷудокори мо ҳануз дар марҳилаи муқаддамотӣ дучори шикаст шуданд ва аз нишонҳои Чемпионат бенасиб монданд.

Сунатулло Лоиқов дар даври аввал бар Рандел Паастел аз Эстония дастболо шуд, вале дар рақобати дуюм аз ҷудокори Молдова – Михаил Латисев ноком шуд.

Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар нахустин рақобаташ дар “голден скор” аз варзишгари ботаҷрибаи Чехия, Чемпиони ҷаҳон миёни наврасон дар соли 2019 – Адам Копетский шикаст хурд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.

Final Results -81kg

1. LATISEV Mihail (MDA)
2. AREGBA Arnaud (FRA)
3. HAJIYEV Eljan (AZE)
3. KOPECKY Adam (CZE)
5. MAXIM Meiirlan (KAZ)
5. BONFERRONI Aurelien (SUI)
7. MADDALONI NOSA Bright (ITA)
7. MURTOZOEV Nurbek (UZB)


Зимнан, дар рӯзи чоруми Қаҳрамонӣ ҷудокорони сангинвазни мо – Эмомризо Анварзода (-100кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг), ки қаблан ба рӯйхати иштирокчиёни мусобиқот шомил буданд, ширкат намеварзанд.

Ҳамин тариқ дастаи ҷавонони ҷудои Тоҷикистон бо як нишони тиллои Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг) мусобиқаро ба анҷом расонид.

Ҳамакнун, рӯзҳои 15-17 август дастаи ҷудои Тоҷикистон иборат аз 10 нафар (7 мард ва 3 бону) дар Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ (5th Islamic Solidarity Games 2022), ки дар шаҳри Конияи Туркия ҷараён дорад, ширкат меварзанд.