Қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон барои Аминҷони Абдулфаёз хотима ёфт

Дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон, ки дар шаҳри Сараевои Босния ва Ҳертсеговина ҷараён дорад, ягона намояндаи Тоҷикистон - Аминҷони Абдулфаёз дар вазни -73кг баромад кард.

Ҷудокори навраси тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Озарбойҷон – Наҳид Таргулиев бо “иппон” дар “вақти тиллоӣ” дастболо шуд, вале дар даври сеюм аз Чемпиони феълии Аврупо миёни наврасон, ҷудокори гурҷӣ – Гиорги Мишвелидзе ноком шуд ва аз идомаи сабқат бенасиб гашт.


Зимнан барои Аминҷон ин аввалин мусобиқоти сатҳаш байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.


Final Results (-73 kg)

1. KIHARA Keito (JPN)
2. JAVAKHISHVILI Luka (GEO)
3. MUXIBIDDINOV Samariddin (UZB)
3. MISHVELIDZE Giorgi (GEO)
5. DE LANGE Joshua (NED)
5. MEDEIROS NETO Antonio (BRA)
7. ALTAY Akbar (KAZ)
7. TSATSALASHVILI Lasha (CAN)