Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи аввали "Paris Grand Slam 2020"

Аввалин рӯзи рақобатҳои ҷудои Гренд Слами Париж барои варзишгарони тоҷик бобарор оғоз гардид. 
Аз ҷумла Беҳрузи Хоҷазода, ки дар даври аввали рақобатҳо озод буд, дар даври дуюм Уилям Тай Тин аз кишвари Самоаро дар каме беш аз 20 сония бо имтиёзи иппон шикаст дод.

Дар даври сеюм рақиби варзишгари тоҷик ҷудокори кишвари мизбон Рикуин Тео буда Беҳрузи Хоҷазода боз ҳам дар бист сонияи аввал аз ҳарифаш имтиёзи вазари ситонида ҳамлаҳоро идома дод. Пас аз як дақиқаи рақобат Хоҷазода тавонист боз як усулеро анҷом ва соҳиби ду вазари шуда Тео Рикуинро ҳам мағлуб намуд. 

Дар даври чоруми нерусанҷӣ ҳам Беҳрӯзи Хоҷазода фаолтар буда тобу таб аз Ҷавбатиров Шамил аз кишвари Олмонро гирифта буд. Ҷудокори олмонӣ аз назари ҷисмонӣ бисёр қавӣ буд вале ба хотири камфаолӣ ва ҳамеша  дар ҳоли дифоъ будан се танбеҳ дарёфт карда аз назари тактикӣ ва натиҷа рақобатро ба ҷудокори тоҷик бохт.

Дар рақобати чорумаш Беҳруз дар муқобили Соичи Ҳошимото аз кишвари Ҷопон қарор гирифт. Ҳошимото, ки соҳиби медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт ва ғолиби ду мусобиқаи Мастерс дар солҳои 2017 ва 2019 мебошад аз назари тактикӣ беҳтар амал кард ва боис гардид Беҳруз бо дарёфти се танбеҳ шикаст бихурад. Ҳошимото дар ин нерусанҷӣ бидуни касби имтиёз ғолибият ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков варзишгари дигари тоҷик низ дар ҳамин вазни 73 килограмм дар даври аввал рақобати шадид бо варзишгари кишвари Португалия Ёрге Фернандес анҷом дод. Ҳарифи Сомон чанд бор ҷоизадори мусобиқаҳои аврупоӣ буда тавонист дар дақиқаи аввал бо иҷрои усул як имтиёзи вазари ба даст оварад. Аммо дар дақиқаи сеюми неруснҷӣ Сомон ҳам усулеро иҷро ва итмиёзи вазари ба даст оварда ҳисоби имтиёзҳоро баробар кард. Дар вақти тиллоии таин шуда Сомон Махмадбеков ҳарифро ба тахтаи пушт ба замин зада бо имтиёзи иппон ҳарифи пурқудраташро шикаст дод.

Дар даври дуюм Сомон бо Ван Тичел Дирк варзишгари ботаҷрибаи кишвари Белгия вориди майдони рақобат шуд. Ду ҷудокор то дақиқаи охир талош карданд аз ҳамдигар имтиёз бигиранд аммо Сомон Маҳмадбеков 45 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ имтиёзи иппон касб карда ба дуюмин пирӯзияш даст ёфт.
Рақиби ҷудокори ҷавони тоҷик дар даври сеюми нерусанҷиҳо Никола Гардасевич аз кишвари Черногория гардид. Дар оғоз Сомон аз довар як танбеҳ дарёфт карда дар нимаҳои нерусанҷӣ Никола Гардасевич тавонист аз варзишгари тоҷик як имтиёзи вазари бигирад. Аммо Сомон Маҳмадбеков талошҳояшро идома дода ниҳоятан ним дақиқа монда ба анҷоми нерусанҷӣ дар як зидди усул имтиёзи иппонро касб ва пирӯз гардид. Муҳиддин Муҳаммад қаҳрамони Африқо миёни бузургсолон аз кишвари Миср рақиби чоруми Сомон Маҳмадбеков шуд. Ин ҷудокори араб муқобилияти шадид ба варзишгари тоҷик нишон дод аммо дар сонияҳои охири нерусанҷӣ Сомон тавонист имтиёзи вазари ба даст оварда онро то охир ҳифз ва ғолиби ин рақобат гардад.

Ниҳоятан барои баромадан ба марҳилаи нимниҳоӣ Сомон бо варзишгари ботаҷрибаи Қазоқистон Жансай Смагулов неру санҷид. Ду варзишгар дар вақти асосӣ танҳо як танбеҳи дарёфт карда кор ба вақти тиллоӣ кашида шуд. Пас аз тақрибан ҳафт дақиқа нерусанҷӣ Смагулов имтиёзи вазари касб карда роҳи варзишгари тоҷикро ба марҳилаи ниманиҳоӣ баст. Мутаассифона ҳам Беҳрӯзи Хоҷазода ва ҳам Сомон Маҳмадбеков дар даври тасаллобахш рақобатро барои медали биринҷии Гренд Слами Париж бохтанд.  

Зимнан дар рӯзи ниҳоии ин мусобиқот се варзишгари дигари тоҷик Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён ва Шакармамад Мирмамадов барои дарёфти медалҳои ин мусобиқа талош хоҳанд кард.