ТИМИ ҶУДОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ ШИРКАТ МЕКУНАД

ТИМИ ҶУДОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ ШИРКАТ МЕКУНАД  Панҷ нафар узви тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар Гранд Слами Анталия ширкат мекунанд.  Гранд Слами Анталия (Туркия) аз 31 март то 2 апрел баргузор мешавад. Барои ширкат дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617 варзишгар (357 мард, 260 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд.



 Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзишгарро ба Анталияи Туркия сафарбар менамояд:  -60кг – Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ -66кг – Обид ҶЕБОВ -73кг – Беҳрӯз ХОҶАЗОДА -81кг – Шодмон РИЗОЕВ -90кг – Ҷаҳонгир МАҶИДОВ  Рақобатҳо чун анъана дар ҳафт вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро.  Барномаи мусобиқа:  31 март Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг Мардҳо: -60кг, -66кг  1 апрел Бонувон: -63кг, -70кг Мардҳо: -73кг, -81кг  2 апрел Бонувон: -78кг, +78кг Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг
18:05