ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ХАБАРОВСК ШИРКАТ МЕКУНАНД

ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ХАБАРОВСК ШИРКАТ МЕКУНАНД    Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 нафар узви дастаи мунтахаби кишварро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо ба шаҳри Хабаровскии Федератсияи Руссия сафарбар менамояд.    Мусобиқаи байналмилалии “Сайри касбии ҷудои Россия” дар Хабаровск 1-2 апрел доир хоҳад шуд. Дар мусобиқа ба ғайр аз дастаҳои Россия, варзишгарон аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.    Ба ҳайати тими Тоҷикистон 5 варзишгар шомил гардидаанд:    -66кг – Ориф ДОДОВ  -73кг – Илҳомиддин ҶАББОРОВ  -81кг – Сайфиддин САЙФИДДИНЗОДА  -90кг – Акмал МУРОДОВ  -100кг – Исроил РАҲИМОВ    Варзишгаронро дар ин сафар мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳӣ менамояд.