ШАКАРМАМАД МИРМАМАДОВ БА ТИМИ МУНТАХАБ ДАЪВАТ ШУД

Бо даъвати Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, хусусан дастгирии бевоситаи президенти федератсия, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир, варзишгари маъруфи сангинвазни кишвар Шакармамад Мирмамадов ба тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон даъват шуд.

 

Шакармамад, ки дар Федератсия Россия буд, 15 март ба Душанбе баргашт, аз ин баъд Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф”-ро намояндагӣ мекунад ва ҳамроҳи тими мунтахаб ба таринҳои дастаҷамъӣ шуруъ кард.

 

Шакармамад Мирмамадов 26 сол дошта, қаблан дар ҳайати тими мунтахаби кишвар медали биринҷии Бозиҳои Осиёро (2018, Ҷакарта) ба даст оварда, дар бисёр мусобиқаҳои дохилӣ ғолиб гардидааст.