ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОН ДАР ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД

7-9 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.

 

Дар мусобиқа миёни наврасон 174 варзишгар аз 8 давлат ва миёни ҷавонон 170 варзишгар аз 7 давлат ширкат хоҳанд кард.

 

Аз ҷумла Федератсияи ҷудои Тоҷикистон миёни наврасон 7 варзишгар ва миёни ҷавонон 6 варзишгарро ба Алмаато мефиристад.

 

Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн миёни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн - духтарон) ва 14 вазн миёни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн - духтарон) баргузор мешавад. Варзишгарони мо танҳо миёни писарон рақобат мекунанд.

 

Ҳайати тими наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Ҷоми Осиё – Алмаато:

 

Наврасон

-50кг – Меҳроҷиддин ГАДОЕВ

-55кг – Лоиқ ҚУТБИДДИНОВ

-66кг – Ворис НАЗАРОВ

-73кг – Аминҷон АБДУҶАЛИЛЗОДА

-81кг – Ҷаҳингир НОРОВ

-90кг – Баҳоваддин СУЛАЙМОНОВ

+90кг – Фараҳманд УСТОПИРОВ

 

Ҷавонон

-60кг – Саъдӣ МАҲМАДОВ

-73кг – Абубакр ШЕРОВ

-81кг – Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛЗОДА

-81кг – Сайфиддин САЙФИДДИНЗОДА

-90кг – Умедҷон РАҶАБОВ

      +100кг – Иброҳимҷон ЭЛМУРОДОВ