ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪОМАДИ ТАМРИНИИ ТИМИ МУНТАХАБИ НАВРАСОН ОҒОЗ ЁФТ

Аз 25 март то 2 апрел дар Қасри варзиши шаҳри Душанбе ҷамъомади тамринии тими мунтахаби наврасон ва ҷавонон доир мегардад.

 

Ба ҷамъомади тамринӣ беш аз 50 варзишгар даъват карда шуданд.

 

Тамринҳоро дар як рӯз ду маротиба сармураббии тими мунтахаби наврасон, мутахассиси гурҷистонӣ Давид Габаидзе ва мураббиёни тоҷик Абдулло Наботов, Шералӣ Бозоров мегузаронанд.

 

Мақсад аз ҷамъомади тамринӣ омодагии дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон ба Ҷоми кушоди Осиё (7-9 апрел, Алмаато) ва Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон (23-26 август, Хорватия) мебошад.