ОМОДАГИИ ТИМИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БА ЧҶ-2023 ДАР СОЧӢ

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо дастгирии президенти Федератсия, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Россия дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду кишвар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ доир карданд.


Ҷамъомади тамринӣ, ки 8 апрел дар Маркази омодагии олимпии Сочӣ оғоз гардида буд ва 20 апрел анҷом меёбад, зери роҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори доир гашт.

 

Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар Сочӣ марҳилаи асосии омодагии тими мунтахаби кишвар ба Чемпионати ҷаҳон-2023 маҳсуб меёбад.

 

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 аз 7 то 14 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад. Тибқи низомнома дар чемпионат варзишгароне ширкат карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ (нашри 3 апрел) дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.

 

Ҷумҳурии моро дар ин чорабинии муҳими сол 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд.