5 МЕДАЛИ ҶУДОКОРОНИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

7-9 апрели соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд.


Дар мусобиқа миёни наврасон 381 варзишгар (239 писар, 142 духтар) аз 10 давлат, миёни ҷавонон бошад, 299 варзишгар (208 писар, 91 духтар) аз 10 давлат ширкат карданд. 
 
Ҷумҳурии моро миёни наврасон 7 варзишгар ва миёни ҷавонон 6 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани 5 медал – 1 тилло, 4 биринҷӣ мушарраф шуданд. Варзишгарони моро дар ин сафар мураббиён Давид Габаидзе ва Абдулло Норов ҳамроҳӣ карданд.
 
Медали тиллоро Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг миёни ҷавонон ба даст овард. Дар ин синну сол Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -81кг медали биринҷӣ гирифт.

 
Се медали дигари биринҷиро паҳлавонони мо миёни наврасон ба даст оварданд: Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -55кг, Ворис Назаров дар вазни -66кг ва Аминҷон Абдуллозода дар вазни -73кг.
 
Қайд кардан ба масрид аст, ки варзишгарони мо миёни ҷавонон аз ҳисоби ҷудокороне интихоб шуданд, ки дар Чемпионати Тоҷикистон миёни калонсолон ширкат карда буданд ва ба гирифтани ҷойҳои намоён ноил шуданд.

 
Наврасон бошанд, дар натиҷаи Чемпионати Тоҷикистон, ки 10-11 март дар шаҳри Хуҷанд доир гашт, интихоб гардиданд. Сипас, тимҳои наврасону ҷавонон дар шаҳри Душанбе аз 23 март то 2 апрел ба ҷамъомади машқӣ фаро гирифта шуданд.
 
Ҷамъомади тамринӣ дар Душанбе ва иштирок дар Ҷоми Осиё, инчунин дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар моҳҳои оянда як марҳилаи омодагии тими наврасону ҷавонони кишвар ба Чемпионати ҷаҳон мебошад. Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон 23-26 август дар шаҳри Загреби Хорватия ва миёни ҷавонон 4-7 октябр дар шаҳри Коимбраи Португалия ба нақша гирифта шудааст. 
 
Ғолиби Ҷоми Осиё дар Алмаато Иброҳимҷон Элмуродов аз номи ҳамаи варзишагрон ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, хусусан президенти Федератсия Исмоил Маҳмадзоир барои дастгириҳояшон миннатдорӣ баён кард.