ҚУРЪАКАШИИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ЛИГАИ МИНТАҚАҲО ИМРӮЗ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Имрӯз - 18 апрел - ҳайати гурӯҳҳои марҳилаи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ - «Лигаи минтақавии ҷудо» байни дастаҳои мардона муайян мешавад. 

 

Марҳилаи аввали мусобиқа, ки ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба клубҳои касбии ҷудо мебошад, рӯзи 8 апрел дар Маҷмааи варзишии «Игровой»-и Маскав баргузор шуд.

 

Дар натиҷа аз 16 даста 12 тим: “Жемчужина” (Сочи), “Jenys” (Қазоқистон), “Ҳоҷӣ Шариф” (Тоҷикистон), “Динамо” (Дмитров), МГФСО (Маскав), “Iran National Judo Academy” (Эрон), “Динамо” (Уфа), “СОРБИС” (Москва), “Чемпион” (Железноводск), “Турбостроител” (Санкт-Петербург), “Эделвейс” (Грозный) ва “Родина” (Екатеринбург) роҳи худро ба суи Ҷом идома медиҳанд. Дар марҳилаи дуюм пешсафони чемпионати клубҳои Россия ба сабқатҳо ҳамроҳ мешаванд: «Ахмат» (Грозний), «Явара-Нева» (Санкт-Петербург), «Локомотив Грин Хилл» (Налчик), «Урал-Сибири Ғарбӣ» (Екатеринбург).

 

Дар ҷараёни қуръакашӣ, ки барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Лондон, чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон Александр Михайлин ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев ширкат хоҳанд кард, ҳайати чор гурӯҳ муайян хоҳанд шуд.

 

Давраи дуюми лига 6 май дар Маҷмааи варзишии «Игровой» тибқи системаи даврӣ барпо мегардад: ҳар як даста 3 вохурӣ мегузаронад. Варзишгарон дар вазнҳои -66, -73, -81, -90 ва +90 кг рақобат мекунанд. Барои ғалаба 2 хол ва барои мағлубият 0 хол дода мешавад. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба финал мебароянд.

 

Рӯзи 8-уми июл ҳашт дастаи пурқувват барои ба даст овардани ҷоизаҳои арзишманд талош хоҳанд кард. Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 6 миллион рублро ташкил медиҳад.