ТАМРИНҲОИ ТИМИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ИДОМА МЁБАД

Пас аз ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия, ки бо дастгирии президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир аз 8 то 20 апрел идома ёфт, тамринҳои тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе идома меёбад.

 

Ҷамъомади тамринӣ дар Душанбе бо ҷалби беш аз 50 варзишгар аз 24 апрел то 4 май ба нақша гирифта шудааст. Тамринҳо бо роҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори ва мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар як рӯз ду маротиба доир мегардад.

 

Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ марҳилаи дигари омодагии тими мунтахаби ҷудои кишвар ба Чемпионати ҷаҳон-2023 ва Гран Прии Душанбе маҳсуб меёбад.

 

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 аз 7 то 14 май дар шаҳри Доҳаи Қатар ва Гран Прии Душанбе 2-4 июн баргузор хоҳанд шуд