КЛУБИ “ҲОҶӢ ШАРИФ”-РО ДАР МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ЛИГАИ МИНТАҚАҲО 8 ВАРЗИШГАР НАМОЯНДАГӢ МЕКУНАНД

6 май дар Маҷмааи варзишии “Игоровой”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия марҳилаи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ - «Лигаи минтақавии ҷудо» байни дастаҳои мардона баргузор мешавад. 


 

Марҳилаи аввали мусобиқа рӯзи 8 апрел баргузор шуда буд, ки дар натиҷа аз 16 даста 12 тим: “Жемчужина” (Сочи), “Jenys” (Қазоқистон), “Ҳоҷӣ Шариф” (Тоҷикистон), “Динамо” (Дмитров), МГФСО (Маскав), “Iran National Judo Academy” (Эрон), “Динамо” (Уфа), “СОРБИС” (Москва), “Чемпион” (Железноводск), “Турбостроител” (Санкт-Петербург), “Эделвейс” (Грозный) ва “Родина” (Екатеринбург) ба марҳилаи дуюм роҳхат гирифтанд. Акнун, дар марҳилаи дуюм пешсафони чемпионати клубҳои Россия ба сабқатҳо ҳамроҳ мешаванд: «Ахмат» (Грозний), «Явара-Нева» (Санкт-Петербург), «Локомотив Грин Хилл» (Налчик), «Урал-Сибири Ғарбӣ» (Екатеринбург).

 

Марҳилаи дуюми лига 6 май дар Маҷмааи варзишии «Игровой» тибқи системаи даврӣ барпо мегардад: ҳар як даста 3 вохурӣ мегузаронад. Варзишгарон дар вазнҳои -66, -73, -81, -90 ва +90 кг рақобат мекунанд. Барои ғалаба 2 хол ва барои мағлубият 0 хол дода мешавад. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба финал мебароянд.

 

Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф”-ро дар марҳилаи дуюм 8 варзишгар намояндагӣ мекунанд:


-66кг – Фирӯз Мелибойзода / Обид Ҷебов

-73кг – Абубакр Шеров / Муҳаммадшариф Наҷмиддинов 

-81кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода

-90кг – Ҳақназар Назаров

+90кг – Шакармамад Мирмамадов / Мансур Раҳмон

 

Дар марҳилаи дуюми Лигаи минтақаҳои ҷудо Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” дар як гурӯҳ бо клубҳои “Урал-Сибири Ғарбӣ” (Екатеринбург), “Турбостроител” (Санкт Петербург) ва “Jenys” (Қазоқистон) сабқат мекунад.