КЛУБИ “ҲОҶӢ ШАРИФ” БА ФИНАЛИ ЛИГАИ МИНТАҚАВИИ ҶУДО РОҲ ЁФТ

6 май дар Маҷмааи варзишии “Игоровой”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия марҳилаи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ - «Лигаи минтақавии ҷудо» байни дастаҳои мардона баргузор шуд.


 

Дар марҳилаи дуюм 16 даста дар чор гурӯҳ барои ҳашт роҳхат ба финал рақобат карданд. Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” дар як гурӯҳ бо клубҳои “Урал-Сибири Ғарбӣ” (Екатеринбург), “Турбостроител” (Санкт Петербург) ва “Jenys” (Қазоқистон) сабқат карда, ҷои дуюмро ишғол намуд ва ба финали Лигаи минтақавии ҷудо роҳ ёфт.

 

Ба ҳайати тими Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” 8 варзишгар шомил буданд:

-66кг – Фирӯз Мелибойзода / Обид Ҷебов

-73кг – Абубакр Шеров / Муҳаммадшариф Наҷмиддинов

-81кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода

-90кг – Ҳақназар Назаров

+90кг – Шакармамад Мирмамадов / Мансур Раҳмон

 

Варзишгарони мо дар се рақобат бар тимҳои “Турбостроител” ва “Jenys” ғалаба карда, аз дастаи “Урал-Сибири Ғарбӣ”, ки дар гурӯҳ ҷои аввалро гирифт, шикаст хурд. 

 

Дар Лига дар маҷмӯъ 24 дастаи пурқувват аз Россия, Беларус, Қазоқистон, Сербия, Эрон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон ширкат доштанд ва аз миёни дастаҳои хориҷӣ танҳо Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” ба финал роҳ ёфт.



 

Марҳилаи ниҳоӣ 8 июл дар назар аст, ки дар он 8 дастаи беҳтарин барои 6 миллион рубл тибқи "системаи олимпӣ" - бидуни набардҳои такрорӣ мубориза мебаранд.