ЛИЗА АЛАНС КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ IJF ИНТИХОБ ШУД

Дар шаҳри Доҳаи Қатар имрӯз - 4 май - пешорӯи Чемпионати ҷаҳонии ҷудо Конгресси Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуд.



Дар ҷаласа намояндагони федератсияҳои миллии узви Федератсияи байналмилалии ҷудо ширкат карданд. Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро ноиби аввали президенти Федератсия Эргаш Маҳмадбеков намояндагӣ кард.

 

Зимни ҷаласа, аз ҷумла намояндаи Британияи Кабир, хонум Лиза Аланс котиби генералии IJF интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Лак Ҷан Лугеи фаронсавиро иваз кард. Лиза Аланс то ин дам дар вазифаи директори Департаменти мусобиқоти IJF кор мекард.

 

Носир Ал-Тамимӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб дигарбора хазинадори генералии IJF интихоб шуд.

 

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои рушди ҷудо дар ҷаҳонро баррасӣ карданд.