ЧҶ-2023: НАТИҶАИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ВАЗНИ -66КГ

7 май дар шаҳри Доҳаи Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо оғоз шуд.

 

Рӯзи аввал паҳлавонони вазнашон -60кг миёни мардҳо ва -48кг миёни бонувон гуштин гирифтанд.

 

Рӯзи дуюм нерӯсанҷиҳо дар вазни -66кг миёни мардҳо ва -52кг миёни бонувон сурат гирифт. Ду варзишгари мо дар вазни -66кг дар ин рӯз Тоҷикистонро намояндагӣ карданд: Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров.

 

Эмомалӣ дар даври аввал намояндаи Сербия Страҳинйа Бунчичро (Strahinja BUNCIC) шикаст дод, вале дар даври дуюм аз варзишгари Бразил Виллиан Лима мағлуб шуд.

 

Шаҳбоз низ дар даври аввал намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб Гурам Ҷавашвилиро (Guram DZAVASHVILI) мағлуб намуда, дар даври дуюм аз варзишгари Руминия Лусиан Думитреску (Lucian BORS DUMITRESCU) мағлуб гардид.

 

Дар ин вазн Ҳифуми Абе аз Ҷопон ҷои аввал, ҳамватанаш Ҷоширо Маруяма ҷои дуюм, Баскҳуу Йондонперенлей аз Муғулистон ва Валид Хйар аз Фаронса ҷои сеюмро сазовор шуданд.