ЧҶ-2023: БЕҲРӮЗ ХОҶАЗОДА ТО ДАВРИ СЕЮМ РАСИД

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар шаҳри Доҳаи Қатар 9 май бо қувваозмоиҳо дар вазни -73кг миёни мардҳо ва -57кг миёни бонувон идома ёфт.

 

Дар ин рӯз ҷумҳурии моро Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ кард. Беҳрӯз дар ду давр бар варзишгарони Куба (Магдиел Эстрада), Италия (Ҷованӣ Эспосито) пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз намояндаи Ҷопон Соичи Ҳашимото, ки барандаи медали биринҷӣ гардид, шикаст хурд.

 

Медали тиллои ин вазн насиби варзишгари Швейтсария Нилс Стамп гардид. Медали нуқраро Мануэл Ломбардо аз Италия, медалҳои биринҷиро Соиши Ҳашимотои ҷопонӣ ва Муродҷон Юлдошеви узбекистонӣ гирифтанд.