ЧҶ-2023: КОМРОНШОҲ ВА ҶАҲОНГИР НИЗ ДУ ДАВР ГУШТИН ГИРИФТАНД

11 май дар шаҳри Доҳаи Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо бо қувваозмоиҳо дар вазни -90кг миёни мардҳо ва -70кг миёни бонувон ҷраён гирифт.

 

Дар вазни -90кг миёни мардҳо ҷумҳурии моро ду варзишгар – Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов намояндагӣ карданд. 

 

Дар даври аввал Комроншоҳ бар намояндаи Зеландияи Нав Ноаҳ Валлис, Ҷаҳонгир бар варзишгари Миср Омар Элрамлӣ зафар ёфтанд, вале дар даври дуюм Комроншоҳ аз чемпиони олимпӣ Лаша Бекаурии гурҷӣ, ки медали нуқра гирифт, Ҷаҳонгир аз Ноел Ван т Енди нидерландӣ шикаст хурданд.

 

Медали тиллоро дар вазни -90кг Лука Маисурадзе аз Гурҷистон, медалҳои биринҷиро Маркус Нюман аз Шведсия ва Санширо Мурао аз Ҷопон сазовор шуданд.