ФИНАЛИ ЛИГАИ МИНТАҚАВИИ ҶУДО МОҲИ ДЕКАБР ДОИР МЕГАРДАД

Марҳилаи финалии мусобиқаи байналмилалии Лигаи минтақавии ҷудо бо иштироки Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” ба таъхир гузошта шуд. 


 

Мусобиқа байни 7 клуб аз Россия ва 1 клуб аз Тоҷикистон, ки 8 июл ба нақша гирифта шуда буд, дар аввали зимистон дар Маскав баргузор мешавад. 

 

Кирилл Денисов, директори варзиши Федератсияи ҷудои Русия гуфт: «Варзишгарони Русия барои ширкат дар марҳилаҳои интихобии байналмилалӣ иҷозат дода шудаанд. Ба ин хотир мо тақвимро бозбинӣ карда, финали Лигаи минтақавии ҷудоро ба охири сол мавқуф гузоштем».

 

Ёдовар мешавем, ки Ахмат (Грозний), СОРБИС (Москва), “Урал-Сибири Ғарбӣ”, “Родина” (ҳар ду аз Екатеринбург), “Локомотив Грин Хилл” (Налчик), “Явара-Нева” (Санкт-Петербург), «Ҳоҷӣ Шариф» (Душанбе) ва «Динамо» (Уфа).

 

Ин дастаҳо бояд ғолиб ва соҳибони ҷоизаҳои пулиро муайян кунанд, ки дар байни ҳашт клуб тақсим карда мешаванд ва маблағи аз ҳама бештар ба чемпион тақдим мешавад. Мусобиқаҳои марҳилаи финалӣ тибқи системаи олимпӣ бидуни қувваозмоиҳои такрорӣ баргузор мешавад.