ТИМИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ШИРКАТ ДАР ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУД

Таве хабар дода будем, 2-4 июни соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран Прии Душанбе баргузор мешавад.


 

Ин чорабинӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори аввал дар Тоҷикистон доир мегардад.

 

Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти “Сайри ҷаҳонии ҷудо”-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.

 

Барои ширкат дар Гран Прии Душанбе то имрӯз ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати дунё номнавис шудаанд.

 

Аз ҷумла, тими мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар – 28 мард, 6 зан – дар ин мусобиқа ширкат мекунанд.

 

Коллегияи мураббиён ва роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар асоси дастовардҳо ва натиҷаи тамринҳо варзишгарони зеринро интихоб карданд:

 

Мардон 

-60кг 

Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ 

Меҳрзод СУФИЕВ 

Ҳақдод ГУЛОВ 

Муҳаммад МАҲМАДИЗОДА 

 

-66кг 

Эмомалӣ НУРАЛӢ 

Обид ҶЕБОВ 

Шаҳбоз САИДАБРОРОВ 

Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА 

 

 -73кг 

Беҳрӯз ХОҶАЗОДА 

Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ 

Абубакр ШЕРОВ 

Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ 

 

-81кг 

Сомон МАҲМАДБЕКОВ 

Шодмон РИЗОЕВ 

Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛЗОДА 

Сайфиддин САЙФИДДИНЗОДА

 

-90кг 

Комроншоҳ УСТОПИРИЁН 

Ҷаҳонгир МАҶИДОВ 

Ҳақназар НАЗАРОВ 

Акмал МУРОДОВ 

 

-100кг 

Абубакри АКОБИР 

Исроил РАҲИМОВ 

Эмомризо АНВАРЗОДА 

Раҳматулло МИРЗОЕВ 

 

+100кг 

Темур РАҲИМОВ 

Мансур РАҲМОН 

Иброҳим ЭЛМУРОДОВ 

Шакармамад МИРМАМАДОВ 

  

Бонувон 

-48кг 

Шукрона ҚАРЧИЕВА 

Мадина ҚУРБОНЗОДА 

 

-52кг 

Аҳлия МУЪМИНОВА 

 

-57кг 

Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА 

Фазилат ГУЛБОЕВА 

 

-63кг 

Мавлуда ОДИНАЕВА