ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА БАРГУЗОР КАРДАНИ ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №286 АЗ 26.05.2023

26 Майи 2023, ҷумъа
Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Гран – При оид ба гӯштини ҷудо бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе 

Бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,
                                             Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Мусобиқаи байналмилалии Гран – При оид ба гӯштини ҷудо бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаҳои 2 – 4 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи обӣ»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Гран – При оид ба гӯштини ҷудо бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳайати кумитаи тадорукот тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кумитаи тадорукот, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи гӯштини ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар мусобиқаи мазкур таъмин намоянд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» таъмин намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ