Зинаи панҷуми Хайёмиддин Ҷабборов дар Ҷоми бозии Осиё

Хайёмиддин Ҷабборов, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми бозии Осиё оид ба ҷудо (Asian Judo Open Hong Kong 2019), ки 30-юми ноябр, дар Ҳонгконг баргузор шуд, дар вазни то 73 кило мақоми панҷумро касб намуд.
Хайёмиддин, ки ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард, баъди ду пирӯзӣ бар Чо Фунг Леунг аз Ҳонконг ва Чоиҷилсурен Ганболд аз Муғулистон, ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳмадбек Маҳмадбекови тоҷиктабори русиягӣ мағлуб шуд. Хайёмиддин дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум аз Болор-Очир Герелтуя аз Муғулистон шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи панҷумро ишғол кард. Соли гузашта ӯ дар ин мусобиқа медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Дар мусобиқаи имсола дар Ҳонконг дар вазни то 73 кило, ки ҳамагӣ 20 варзишгар иштирок дошт, Маҳмадбек Маҳмадбеков ғолиб шуд. Ӯ дар финал Мадияр Сембоевро аз Қазоқистон шикаст дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Зимнан, Маҳмадбек писарамаки паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков мебошад, ки дар шаҳри Иркутски Россия ба сар мебарад ва бо раҳбарии падараш тамрин мекунад.