10 ҶУДОЧИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГРАНД СЛАМИ ҚАЗОҚИСТОН ШИРКАТ МЕКУНАНД
Тими ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар дар Гранд Слами Қазоқистон ширкат мекунад.
Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо дар Остона 16-18 июн бо иштироки беш аз 300 варзишгари 43 давлат баргузор мешавад. Аз ҷумла Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд:
-60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-60кг – Меҳрзод Суфиев
-66кг – Эмомалӣ Нуралӣ
-66кг – Обид Ҷебов
-81кг – Шодмон Ризоев
-81кг – Сомон Маҳмадбеков
-90кг – Умедҷон Раҷабов
-100кг – Исроил Раҳимов
+100кг – Темур Раҳимов
+100кг – Шакармамад Мирмамадов
Фонди умумии ҷоизаҳо 150000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.