АВВАЛИН МАШҚҲОИ ДАСТАҶАМЪИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Пас аз Гран Прии Душанбе (2-4 июн) Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, АМА, Баҳрайн, Россия ва Муғулистон ҷамъомади машқии байналмилалӣ ташкил кард.


 

Аввалин ҷамъомади тамринии байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки 6 июн дар Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” оғоз гардид, то 13 июн идома меёбад.

 

Мақсад аз ташкил кардани ҷамъомади машқӣ омодагии варзишгарон ба Гранд Слами Қазоқистон мебошад, ки 16-18 июн дар Остона доир мегардад. Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд.