ТИМИ ҶУДОИ ТОҶИКИСТОН ДАР “RUSSIAN JUDO TОUR ЧЕЛЯБИНСК-2023” ШИРКАТ МЕКУНАД

24-25 июн дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи “Russian judo tоur” баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

 


Тибқи низомнома дар рӯзи аввал варзишгарон дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг миёни мардҳо ва -63кг, -70кг, -78кг, +78кг миёни бонувон сабқат мекунанд. Рӯзи дуюм бошад, мардҳо дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг гуштин мегиранд.

 

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 6 варзишгарро ба Челябинск сафарбар менамояд:

 

-60кг - Ҳакдод ГУЛОВ 

-66кг - Суҳроб БОҚИЕВ

-73кг - Абубакр ШЕРОВ

-81кг - Сайфиддин САЙФИДДИНЗОДА

-100кг - Улуғбек РАҲИМОВ

+100кг - Иброҳимҷон ЭЛМУРОДОВ

 

Варзишгаронро дар ин сафар раиси Комиссияи доварони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Зариф Назриев намояндагӣ мекунад.

 

Дар мусобиқа иштироки ҳудуди 400 варзишгар аз кишвари мизбон, инчунин Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва ғайра дар назар аст. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.