НАТИҶАИ ҚУРЪАКАШИИ ГРАНД СЛАМИ ҚАЗОҚИСТОН

Имрӯз - 15 май маросими қуръакашии Гранд Слами Қазоқистон баргузор шуд.

 

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқа 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

 

Гранд Слами Қазоқистон фардо – 16 июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. 17 июн мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг, бонувон дар вазнҳои -63кг, -70кг, 18 июн мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг сабқат мекунанд. 

 

Дар рӯзи якуми мусобиқа 4 варзишгари мо гуштин мегиранд: дар вазни -60кг Муҳаммадсолеҳ Қуватов, Меҳрзод Суфиев, дар вазни -66кг Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов. Рӯзи дуюм дар вазни -81кг Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев, рӯзи сеюм Умедҷон Раҷабов дар вазни -90кг, Исроил Раҳимов дар вазни -100, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.