МЕҲРЗОД СУФИЕВ – ДАР ГРАНД СЛАМИ ҚАЗОҚИСТОН ПАНҶУМ ШУД

Имрӯз - 16 май – дар шаҳри Остона рақобатҳои рӯзи аввали Гранд Слами Қазоқистон шуруъ шуд.

 

Дар рӯзи аввал мардҳо дар вазнҳои -60кг ва -66кг, бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг ва -57кг гуштин гирифтанд.

 

Варзишгари мо Меҳрзод Суфиев дар вазни -60кг ба гирифтани ҷои панҷум мушарраф шуд. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Австралия Ҷошуа Катз, дар чорякфинал бар варзишгари бетараф Ғамзат Заирбеков ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари тими мизбон Магжан Шамшаддин ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Достон Рӯзиеви узбекистонӣ мағлуб шуд.

 

Дар вазни -60кг варзишгари дигарамон Муҳаммадсолеҳ Қувватов пас аз пирӯзӣ бар Артём Коласау дар даври аввал, дар даври дуюм аз Достон Рӯзиеви узбекистонӣ шикаст хурд.

 

Дар вазни -66кг ду варзишгарамон – Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов гуштин гирифтанд. Онҳо, ки дар даври аввал озод буданд, дар даври дуюм аз варзишгарони Озарбойҷон мағлуб гардиданд: Эмомалӣ аз Каромат Ҳусейнов, Обид аз Комрон Сулеймонов. 

 

Ёдрас мешавем, ки дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

 

Мусобиқа фардо бо рақобатҳои мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг, бонувон дар вазнҳои -63кг, -70кг идома меёбад. 18 июн мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг сабқат мекунанд. 

 

Рӯзи дуюм дар вазни -81кг Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.