ТЕМУР РАҲИМОВ - БАРАНДИ МЕДАЛИ НУҚРАИ ГРАНД СЛАМИ ҚАЗОҚИСТОН

Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар Гранд Слами Қазоқистон ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд. Ин навбат низ мисли Гран Прии Душанбе Темур дар финал аз Тамерлан Башаев шикаст хурд. 



 

18 май дар шаҳри Остона рақобатҳои рӯзи ҷамъбастии Гранд Слами Қазоқистон дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо, -78кг, +78кг миёни бонувон доир гашт, ки ҷумҳурии моро 4 варзишгар намояндагӣ карданд.

 

Темур Раҳимов дар вазни +100кг рақобатро аз даври дуюм шуруъ карда, бар варзишгари фаронсавӣ Ҷозеф Тереч, дар чорякфинал бар варзишгари бетараф Валерий Ендовитский, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Саба Инанеишвилӣ пирӯз шуд, вале дар финал аз варзишгари дигари бетараф Тамерлан Башаевро мағлуб гардида, дуюм медали нуқра ва ҳафтум медалро аз мусобиқаҳои Гранд Слам ба даст овард. Темур қаблан дар Гранд Сламҳо як медали тилло, як медали нуқра ва чор медали биринҷӣ дошт.

 

Варзишгарони дигарамон Умедҷон Раҷабов (-90кг) ва Исроил Раҳимов (-100кг) дар даври аввал аз ҳарифон мағлуб гардиданд. Шакармамад Мирмамадов (+100кг) пас аз пирӯзӣ бар Азамат Чотчаев аз Баҳрайн дар даври аввал, дар даври дуюм аз Гурам Тушишвилии гурҷистонӣ шикаст хурд.

 

Ин дуюм медали варзишгарони мо дар Гран Слами Қазоқистон мебошад. Дирӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

 

Ёдрас мешавем, ки дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карда, ду медали тилло ба даст оварданд.

 

Тими ҷудои Тоҷикистон бо як медали тилло ва як нуқра дар ҳисоби даставӣ миёни 42 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 5-ум мавқеъ гирифт.