ҚУРЪАКАШИИ ГРАНД СЛАМИ УЛАНБАТОР ДОИР ШУД

Имрӯз - 22 май маросими қуръакашии Гранд Слами Уланбатор баргузор шуд.

 

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқа 345 варзишгар (183 мард, 162 зан) аз 44 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

 

Гранд Слами Уланбатор фардо – 23 июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. 24 июн мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг, бонувон дар вазнҳои -63кг, -70кг, 25 июн мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг сабқат мекунанд. 

 

Дар рӯзи якуми мусобиқа 3 варзишгари мо гуштин мегиранд: дар вазни -60кг Муҳаммадсолеҳ Қуватов, Меҳрзод Суфиев, дар вазни -66кг Обид Ҷебов. Рӯзи дуюм дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода, рӯзи сеюм Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва Мансур Раҳмон дар вазни +100кг барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

 

Фонди умумии ҷоизаҳо 154000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд. Ҳамчунин, аз Гранд Слами Уланбатор сар карда, дар радабандии олимпӣ холшумории садфоиза шуруъ мешавад. То ин вақт 50 фоизи холҳои варзишгарон ҳисоб карда мешуд. 

 

Ҳамин тариқ, варзишгарон як соли дигар – то 25 июни соли 2024 имкон доранд барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош кунанд. Дар асоси радабандии олимпӣ аз 25 июни соли 2024 дар ҳар вазн 18 нафар, бо дарназардошти як варзишгар аз як давлат, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.