ОБИД ҶЕБОВ ДАР ГРАНД СЛАМИ УЛАНБАТОР МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТ

Имрӯз - 23 июн Гранд Слами Уланбатор оид ба ҷудо бо рақобатҳои -60кг, -66кг миёни мардҳо, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз гардид.



 

Дар рӯзи аввал 3 варзишгари мо – Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60кг ва Обид Ҷебов дар вазни -66кг гуштин гирифта, Обид ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

 

Обид Ҷебов дар даври аввал варзишгари Тайпей Йен-Минг Ченг, дар даври дуюм намояндаи Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов, дар чорякфинал варзишгари мизбон Эрхембаяр Баттогтох, дар нимфинал намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб Нармандах Байанмунхро мағлуб карда, дар финал аз варзишгари дигари мизбон Басхуу Йондонперенлей шикаст хурда, сазовори медали нуқра шуд. 

 

Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60кг ҷои ҳафтумро гирифт. Ӯ дар ду давр бар варзишгарони Британия (Неил Макдоналд) ва Муғулистон (Ариунболд Энхтаиван) ғолиб омад, вале дар чорякфинал аз варзишгари Фаронса Ромейн Ричард ва дар қувваозмоии тасаллобахш Сумиябазар Энхтаиван мағлуб шуда, дар ҷои ҳафтум мавқеъ гирифт.

 

Фардо – дар рӯзи дуюм – рақобатҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон сурат мегирад. Тоҷикистонро дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ мекунад.

  

Дар Гранд Слами мусобиқа 345 варзишгар (183 мард, 162 зан) аз 44 давлати ҷаҳон ширкат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.