БЕҲРӮЗ ХОҶАЗОДА ДАР ГРАНД СЛАМИ УЛАНБАТОР ПАНҶУМ ШУД

Рӯзи дуюми Гранд Слами Уланбатор бо рақобатҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон идома ёфт. Тими ҷудои Тоҷикистонро дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ карда, ба гирифтани ҷои панҷум мушарраф шуд.



 

Беҳрӯз, ки дар дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Вон Ҳи Лӣ, дар чорякфинал варзишгари Финландия Валтери Олинро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Ҷопон Кен Ойоши ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари мизбон Эрденебайар Батзая шикаст хӯрд. 

 

Ёдрас мешавем, ки дирӯз варзишгари мо дар вазни -66кг Обид Ҷебов медали нуқра ба даст овард.

 

Гранд Слами Уланбатор фардо – 25 июн – бо рақобатҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо ва -78кг, +78кг миёни бонувон анҷом меёбад. Ҷумҳурии моро дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён ва дар вазни +100кг Мансур Раҳмон намояндагӣ мекунанд.

 

Дар мусобиқа 345 варзишгар (183 мард, 162 зан) аз 44 давлати ҷаҳон ширкат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.