МЕДАЛИ ТИЛЛОИ АБУБАКР ШЕРОВ ДАР “RUSSIAN JUDO TОUR ЧЕЛЯБИНСК-2023”

Узви дастаи мунтахаби ҷудои кишвар Абубакр Шеров имрӯз дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо - “Russian judo tоur - Челябинск-2023” медали тилло ба даст овард.



 

Абубакр дар вазни -73кг то расидан ба финал Даниил Тошев (Москва), Шамил Умаев (Тюмен), Магжан Алжанов (Қазоқистон), Буян-Херел Санаа (Тюмен), Шамил Зулфиқоровро (Тюмен) мағлуб кард. Дар финал Дмитрий Корпухин аз Свердловскийро шикаст дода, ҷои аввалро сазовор шуд.

 

Дар вазни -66кг Суҳроб Боқиев пас аз ду пирӯзӣ бар Михаил Нелюбин (Челябинск) ва Алдияр Ерешов (Қазоқистон), дар чорякфинал аз Иван Черних (Санкт Петрбург) ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Арманистон Егиазар Карапетиан мағлуб шуд.

 

Ҳақдод Гулов бошад, дар даври аввал аз Ким Айрапетян (Свердловск) шикаст хурд.

 

Фардо – 25 июн – се варзишгари дигарамон: Сайфиддин САЙФИДДИНЗОДА (-81кг), Улуғбек РАҲИМОВ (-100кг) ва Иброҳимҷон ЭЛМУРОДОВ (+100кг) дар ин мусобиқа гуштин мегиранд.

 

Дар мусобиқа 517 варзишгар аз Федератсияи Россия, инчунин Қазоқистон, Тоҷикистон, Муғулистон, Чин, Арманистон, Покистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Белорус, Сербия, Юнон, Исроил, Лихтейнштейн, Молдова, Ҷазираҳои Комор ва Судан шикат доранд.

 

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.