КОМРОНШОҲ УСТОПИРИЁН НИЗ ДАР ГРАНД СЛАМИ УЛАНБАТОР ҶОИ ПАНҶУМРО ГИРИФТ

Дар рӯзи сеюми Гранд Слами Уланбатор мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг сабқат карданд. 



 

Варзишгари маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ба гирифтани ҷои панҷуми ифтихорӣ мушарраф шуд. Намояндаи дигари кишварамон Мансур Раҳмон (+100кг) дар даври аввал аз намояндаи Қазоқистон Одил Оразбоев мағлуб гардид.

 

Комроншоҳ, ки дар дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм намояндаи АМА Арам Григориян, дар чорякфинал варзишгари Озарбойҷон Мурод Фатиевро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз варзишгар Михаил Иголников ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Фаронса Алексис Матиеу шикаст хурд. 

 

Ҳамин тариқ, тими ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати шаш нафар дар Гранд Слами Уланбатор ширкат карда, дар рӯзи аввали рақобатҳо Обид Ҷебов дар вазни -66кг сазовори медали нуқра шуд. Дар ин мусобиқа Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Комроншоҳ Устопириён ҷои панҷум, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) ҷои ҳафтумро гирифтанд. 

 

Тими ҷудои Тоҷикистон давоми се рӯзи оянда дар Уланбатор дар ҷамъомади тамринии байналмилалӣ ширкат мекунад. Сипас, ҷудокорони мо дар ҳайати беш аз 35 нафар, аз ҷумла бонувон, аз 6 то 20 июл дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта мешаванд.

 

Ҳадафи асосии ҷамъомад, ки бо дастгирии бевоситаи президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир доир мегардад, омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалии нимаи дуюми сол маҳсуб меёбад.