ҶУДОЧИЁНИ НАВРАС ДАР ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД

ҶУДОЧИЁНИ НАВРАС ДАР ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД    27-30 июл дар шаҳри Тошкенти Узбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.    Дар мусобиқа миёни наврасон 86 варзишгар аз 4 давлат ва миёни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 давлат ширкат хоҳанд кард.    Аз ҷумла Федератсияи ҷудои Тоҷикистон миёни наврасон 33 варзишгар ва миёни ҷавонон 49 варзишгарро ба Ташкент мефиристад.    Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн миёни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн - духтарон) ва 14 вазн миёни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн - духтарон) баргузор мешавад.