Тамринҳои ҷудочиёни тоҷик қабл аз Düsseldorf Grand Slam

Баъд аз иштироки мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар Гран Слами Париж инак ҷудочиёни тоҷик ба мусобиқаи Гран Слам Дюсселдорфи Олмон, ки аз 21-ум то 23-уми феврал дар Олмон баргузор мегардад омодагӣ мебинанд.  Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ иштироки 11-паҳлавони тоҷик дар назар аст. Толори варзишии “X-Fit»-и шаҳри Душанбе макони тамрини ҳайати ҷудочиёни тоҷик Ҳақназар Назаров ва Мирзозода Муҳаммадаюб, ки  яке дар вазни 81кг ва дигаре дар вазни 60кг кишвари моро дар мусобиқаи Гран Слам Дюсселдорфи Олмон намояндагӣ мекунанд, ба ҳисоб меравад. Тӯли қариб 1-моҳ аст, ки ҷудочиёни мазкур таҳти роҳбарии мураббӣ Аъзамшо Расулов аз роҳи усулҳои гуногуни ҷудо чи амали ва чи тактики кор гирифта сайъ дорад, то дар мусобиқаи дарпешистода Ватани хешро муарифӣ намоянд.

Ҳақназар Назаров ҷудочии шинохтаи кишвар, ки борҳо парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи қоравӣ баланд бардоштаву иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи  ҷаҳонӣ мебошад, ин навбат низ бо кӯмаки мураббиаш тамринҳои дастаҷамъӣ гузаронида ҳамвора сайъ мекунад то дар Олмон низ маҳорати ҷудогии хешро нишон дода ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёбад. 
Ҷудочии дигари Тоҷикистон Мирзозода Муҳаммадаюб, ки дар вазни 60кг дар мусобиқоти мазкур кишвари моро муарифӣ мекунад, борҳо иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи дохил ва хориҷ гардидааст. Ин аввалин мусобиқае, ба ҳисоб меравад, ки Муҳаммадаюб бо ҳайати мунтахаби ҷудои кишвар дар Гран Слами Олмон ҳунарнамоӣ мекунад.

Чун мунтахаби ҷудои Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар мусобиқаи Гран Слами Париж иштирок намуданд, тамринҳои дастаҷамъии хешро пас аз ин мусобиқа дар Институти Парижи Фаронса бо ҳайати мунтахаб гузаронида истодаанд. 

Баргузории мусобиқаи (Dusseldorf Grand Slam 2020) аз 21-ум то 23-уюми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар назар дошта шудааст.

Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо  хабар медиҳад, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз ҳудуди 802 ҷудочӣ аз ҷумла, 471 мард ва 331 зан аз 121 кишвари ҷаҳон ширкат мекунад.

Дастаи яккачини Тоҷикистонро 11 нафар ҷудочӣ муаррифӣ хоҳанд кард:  
-60 kg Мирзозода Муҳаммадаюб 
-60 kg Абдуллоев Ҷамолиддин
-73 kg Сомон Маҳамадбеков 
-73 kg Беҳрӯзи Хоҷазода
-81 kg Акмал Муродов 
-81 kg Ҳақназар Назаров
-90 kg Комроншоҳи Устопириён
-90 kg  Сиротулло Икромов
-100 kg Саидҷалол Саидов  
-100 kg Хуршед Маҷидов
+100 kg Шакармамад Мирмамадов