Натиҷаи ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми "Dusseldorf Grand Slam 2020"

Нахӯстин нафаре, ки аз миёни варзишгарони тоҷик дар дуюмин рӯз ба майдон баромад Беҳруз Хоҷазода буд, ки бо Тсенд Оҷир Тсогтбаатар неру санҷид. Ин ду нафар бо ҳам чандин бор қувва озмуда усулҳои ҳамдигарро хуб омӯхтаанд, бинобарин дар вақти асосии нерусанҷӣ ҳеҷ кадом ғолиб наомада танҳо яктои танбеҳ насибашон шуд. Тсогтбаатар, ки ҷоизадори Гранд Слеми Париж шуда буд, дар голден скор зиддиусулеро то охир анҷом дода имтиёзи тиллоии вазариро касб намуд ва Беҳрузро аз идомаи рақобат маҳрум кард. Қобили зикр аст Беҳрӯз дар даври аввал озод буд.

Сомон Маҳмадбеков низ дар вазни -73 килограмм дар даври аввали рақобат озод буда дар даври дуюм бо Вадим Шока аз кишвари Беларус неру санҷид. Варзишгари Беларус, ки тавониста буд ғолиби ин вазн дар Гран Прии Тел Авив гардад аз назари тактикӣ бар Сомон пирӯз гардид. Ин ду варзишгар ҳам дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданду ҷудокори Беларус як танбеҳ ва ҷудокори тоҷик ду танбеҳ дошт. Дар вақти ҷудошуда барои имтиёзи тиллоӣ, Сомон Маҳмадбеков бо дарёфти сеюмин танбеҳаш имкони касби нишонҳои Гренд Слами Дюсселдорфро аз даст дод.

Ҳамчунин дар рӯзи дуюм ду ҷудокори дигар Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов дар вазни -81 килограмм ба майдон баромаданд, ки ҳар дуи онҳо низ дар даври аввал озод буданд. Нахӯст Ҳақназар Назаров бо Тимо Кавелиус аз кишвари Олмон даст ба гиребон шуд. Тимо Кавелиус, ки таҷрибаи бои иштирок дар чунин мусобиқаҳоро дошта, соҳиби ду нишони нуқра дар Гран Прии Тбилисӣ дар соли гузашта ва мусобиқаи кушоди Аврупо дар соли ҷорӣ мебошад бо як имтиёзи вазари Ҳақназарро шикаст дод.

Ҳамин тавр танҳо ҷудокори тоҷик, ки тавонист аз ҳарифи худ имтиёз ситонад Акмал Муродов буд, ки дар ниҳоят у ҳам натавонист пирӯз шавад. У нахӯст аз Владимир Золоев аз Қирғизистон бо иҷрои усуле як имтиёзи вазари гирифта пешсаф шуд. Аммо таҷрибаи Золоев дар Бозиҳои Осиёӣ, Чемпионати Осиё ва Гран При Тошканд, ки дар ҳамаи онҳо яктои нишони биринҷӣ касб карда аст, боис гардид у дар нимаҳои вақти асосӣ бо иҷрои зиддиусул ҳарифи тоҷикашро ба тахтаи пушт бизанад.

Пас аз ду рӯзи рақобат шаш тан аз ҷудокорони тоҷик ноком гардида дар рӯзи сеюм боз панҷ паҳлавони дигар барои касби мақомҳои ифтихории Гранд Слами Дюсселдорф талош хоҳанд кард.