Ҳайати ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио 2020 муайян шуд

Федератсияи байналмилалӣ ҷудо дар сомонаи расмии худ охирин радабандии олимпиро қабл аз баргузории Бозиҳои олимпии Токио нашр кард. Тибқи радабандии нашргардида чаҳор ҷудокори тоҷик роҳхати Бозиҳои олимпии Токио 2020-ро ба даст оварданд.

Дар вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков бо касби 3580 имтиёз дар садри рӯйхати ҷудокорони тими Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии ҷудокорони олимпии ҳамин вазн қарор дорад.

Ҳамзамон дар вазни мазкур Беҳрӯзи Хоҷазода бо 2796 имтиёз дар ҷои дуюми рӯхати ҷудокорони тоҷик ва дар мақоми 25-уми радабандии олимпии ҷудокорони ҷаҳонӣ мавқеъ гирифтааст.

Акмал Муродов (-81кг) бо 1060 имтиёз, Комроншоҳ Устопириён (-90кг) бо 2944 ва  Темур Раҳимов (+100кг) бо 3241 имтиёз садринишиини радабандии вазнҳои худ миёни ҷудокорони тоҷик мебошанд.

Тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) танҳо беҳтаринҳои радабандии ҷаҳон, ки дар «минтақаи сабзи» ҷадвали радабандии олимпӣ қарор доранд ба Бозиҳои олимпӣ мераванд. Инчунин, аз як давлат дар як вазн танҳо нафари дар радабандии олимпӣ назар ба ҳамватани худ мақоми болотар дошта, соҳиби роҳхати олимпӣ мегардад.

Аз ин рӯ, Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарчанд дар «минтақаи сабз» қарор дорад, бинобар имтиёзҳои кам доштанаш аз Сомон Маҳмадбеков, роҳхати Олимпиадаи дар пеш бударо ба даст наовард.

Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов бошад, мустақиман роҳхат гирифтанд. Акмал Муродов бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Бояд қайд намуд, ки Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯзи 28-уми июн ҳамаи варзишгарони соҳиби роҳхат шударо расман эълон менамояд.


Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. 
Қувваозмоиҳо варзишгарон дар риштаи ҷудо шуруъ аз 24-ум то 31-уми июл идома меёбанд.