Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор шуд


Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи ҷудои кишвар баргузор шуд. 

Дар ин ҷаласа нахуст ҳисоботи сармураббии тими мунтахаби ҷудои кишвар - Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар хусуси баромади ҷудочиёни тоҷик дар арсаи байналмилалӣ сурат гирифта, иброз гардид бархе аз ҷудокорони кишвар ҳануз ҷавон ва дар оғози роҳ ҳастанду метавонанд таҷрибаи касбкардаашон дар Токио заминаи мусоид барои Бозиҳои олимпии Париж-2024 гардад.


Ба ҳамин хотир буд, ки яке дигар аз масъалаҳои мавриди баррасӣ ҷоннок намудаи фаолият дар ҳамаи самтҳои ҷиҳати омодогаӣ ба даври олимпии баъдӣ гардид.

Аъзоёни Кумитаи иҷроияи федератсия зимни таҳлил ва муҳокимаи масоили рузи ҷудои кишвар баҳсу гуфтӯгу ва низ пешниҳодҳои худро ироя медоданд.


Аз ҷумла масоили марбут ба машқҳои дастаҷамъии ҳайати мунтахаб ва мубодилаи таҷриба бо кишварҳои хориҷӣ баррасӣ шуда, баргузории машқҳои дастаҷамъӣ муштарак бо варзишгарони Ӯзбекистон ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Масъалаи ташкили ситоди мураббиён барои пешбурди ҳайати мунтахаби кишвар аз ҷумла пешниҳодҳои дигар буд, ки иштирокчиён иттифоқи назар доштанд то ҳайат битавонад таҳлилҳои касбӣ дар хусуси ҷудокорони тоҷик ва рақибонашон дар мусобиқаҳои гуногун анҷом диҳад. 

Ҳамчунин истифода ва ба роҳ мондани системаи раддабандии варзишгарон дар риштаи ҷудо мавриди таваҷҷӯҳи хоси иштирокчиён буд, ки  интихоби беҳтаринҳо барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро осонтар хоҳад кард.

Дар ниҳоят нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми 2021  ва таҳияи барнома барои иштироки ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати касби роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.