Пешвози бо дабдабаи Ҷудокорони тоҷик дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Пешвози бо дабдабаи Ҷудокорони тоҷик  дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Шаби 9 марти  соли 2023 тими мунтахаби Ҷудои Тоҷикистон баъд аз иштирок дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam - 2023 ба шаҳри Душанбе баргашт.  



Дар  фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе  онҳоро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини якуми кумитаи мазкур, Парвиз Собиров ва садҳо нафар наздикону дӯстон ва ҳаводорони ҷудо бо парчаму гулдастаҳо ва навои карнаю сурнай  гарму бошукуҳ истиқбол намуданд. 

Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи мазкур Эмомалии Нуралӣ зери вазни то 66 кг мақоми аввал ва Сомон Маҳмадбеков зери вазни  то 81 кг мақоми савумро ба даст овард. Дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни 49 кишвари иштироккунанда мақоми 7-умро соҳиб шуд, ки дар таърихи ҷудои кишвар, дастоварди бузургест.