ОБИД ҶЕБОВ – ҒОЛИБИ ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ-2023

Дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии Гран Прии Душанбе оид   ба ҷудо варзишгарони мо ду медал ба даст оварданд.


 

Рӯзи аввал рақобатҳо дар вазнҳои -60кг ва -66кг миёни мардҳо, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон сурат гирифт.

 

Ҷумҳурии моро дар ин рӯз 13 варзишгар – 8 нафар миёни мардҳо, 5 нафар миёни бонувон – намояндагӣ карда, ба гирифтани ду медал – 1 медали тилло ва як биринҷӣ мушарраф шуданд.

 

Медали тиллоро Обид Ҷебов дар вазни -66кг сазовор шуд. Ӯ дар даври аввал Исмоил Мисиров (тими варзишгарони бетараф), дар даври дуюм Даикии Буба (Фаронса), дар чорякфинал Ҳаким Оғомуҳаммадовро (Туркманистон) шикаст дода, ба нимфинал роҳ ёфт. Обид дар роҳ ба финал Адриан Чинарои испанӣ ва дар финал Мурод Чопанов аз дастаи варзишгарони бетарафро мағлуб намуда, ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. 

 

Медали биринҷиро Меҳрзод Суфиев дар вазни -60кг ба даст овард. Меҳрзод дар се давр бар варзишгарони Муғулистон (Йолк Казирбйек), Олмон (Моритс Плафки), Португал (Родриго Лопес) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз Туран Байрамови озарбойҷонӣ шикаст хурд. Меҳрзод сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм намояндаи Италия Андреа Карлиноро мағлуб намуда, сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин вазн варзишгари дигарамон Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҷои панҷумро гирифт.

 

Миёни бонувон натиҷаи беҳтарро Мадина Қурбонзода нишон дод. Ӯ дар вазни -48кг дар ду давр бар намояндагони Ҳиндустон ва Мавритания ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари Муғулистон Баасангх Бавуудорҷ ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Сербия Андреа Стоядинов мағлуб шуда, ҷои ҳафтумро сазовор шуд.

 

Фардо – 3 июн – Гран Прии Душанбе-2023 бо рақобатҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон идома меёбад. Тоҷикистонро дар ду вазни мардҳо 8 варзишгар – Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров, Мирзоҷамил Рамазонов, Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Сайфиддин Сайфиддинзода ва дар вазни -63кг миёни бонувон Мавлуда Одинева намояндагӣ мекунанд. 

 

Натиҷаи рақобатҳои рӯзи якуми Dushanbe Grand Prix 2023:

 

Вазни -48кг

1. Маруса Штанга (Словения)

2. Сабина Гилиазова (тими варзишгарони бетараф)

3. Нарантсегтсег Ганбаатар (Муғулистон)

3. Андреа Стаядинов (Сербия)

 

Вазни -52кг

1. Алеся Кузнетсова (тими варзишгарони бетараф)

2. Гултоҷ Маммадалиева (Озарбойҷон)

3. Хорлодоӣ Бишрелт (Амороти Муттаҳидаи Араб)

3. Йеҷинг Жу (Чин)

 

Вазни -57кг

1. Шукурҷон Аминова (Узбекистон)

2. Тауани Давид Капанни Диас (Италия)

3. Қи Каӣ (Чин)

3. Вероника Тениолло (Италия)

 

Вазни -60кг

1. Рамазон Абдуллоев (тими варзишгарони бетараф)

2. Турон Байрамов (Озарбойҷон)

3. Лука Мҳеидзе (Фаронса)

3. Меҳрзод Суфиев (ТОҶИКИСТОН)

 

Вазни -66кг

1. Обид Ҷебов (ТОҶИКИСТОН)

2. Мурод Чопанов (тими варзишгарони бетараф)

3. Сунггат Жубаткан (Қазоқистон)

3. Яшар Наҷафов (Озарбойҷон)