МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ-2023

Дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии Гран Прии Душанбе оид   ба ҷудо, ҳамчунин маросими ифтитоҳи ин чорабинии байналмилалӣ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, доир гардид.


Дар маросими кушодашавии аввалин Гран Прии Душанбе, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ширкат карданд.

 

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ изҳор дошт: "Варзиш воситаи ба ҳам пайвастани халқу миллатҳои гуногун дар ҳаёти инсон мебошад. Дар мамлакати мо ба масъалаи рушди варзиш ҳамчун воситаи муассир ва муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳбуди саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали фаъолият то имрӯз барои рушди варзиши тоҷик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Натиҷаи чунин талошҳост, ки дар Тоҷикистон бисёре аз намудҳои варзиш, аз ҷумла ҷудо дар роҳи рушди устувор қарор дорад ва имрӯз варзишгарони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса пайдо кардаанд”. 

 

Қайд гардид, ки аз оғози соли 2023 то имрӯз аз ҷониби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 4 мусобиқаи дохилӣ ва 8 ҷамъомади таълимию тамринӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор карда шудааст. Рӯзҳои 11 ва 12 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо байни калонсолон тибқи талаботи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин раванд бо мақсади рушди варзиши наврасон моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати варзишгарони ҷавон Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки имсол тими ҷудои Тоҷикистон дар 10 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби 10 медал, аз ҷумла, 2 медали тилло, 1 нуқра ва 7 медали биринҷӣ гаштааст.

 

“Итминон дорам, ки мусобиқаи имрӯза дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар кишвар, аз ҷумла ҷудо, кашфи варзишгарони ҷавону умедбахш мусоидат мекунад ва инчунин шаъну шарафи варзиши Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардорад. Боварӣ дорам, ки шумо тавассути варзиш ва мусобиқа ба ҷаҳон паёми қавии сулҳ, ҳамоҳангӣ ва дӯстӣ мефиристед. Дар хотима мехоҳам ҳайатҳои муҳтарамро ба Душанбе хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи варзишгарон барор ва муваффақият таманно кунам», - иброз намуд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

 

Ҷаноби Мариус Визер дар навбати худ изҳор дошт: “Мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ташкили аввалин Гран При дар Душанбе изҳори сипос мекунем. Мо дар ин ҷо ҳастем, то ба сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар тамоми ҷаҳон мусоидат кунем. Мо дар кишвари бештари аҳолиаш ҷавонон, ру ба рушд ва илҳомбахш барои ҷаҳон ҳастем, ки варзиш, адолат, фарҳанг, инчунин таърихи кишвари шумо, кишвари навовар, ислоҳотхоҳ ва ру ба рушдро тарғиб кунем. Ба ҳамаи шумо як чорабинии бузурги ҷудо дар Душанбе таманно дорам. Сипос!"

 

Пас аз суханрониҳои ифтитоҳӣ Суруди миллии Тоҷикистон, суруди расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо ва намоиши барҷастаи фарҳангӣ бо иштироки ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев намоиш дода шуд.