АВВАЛИН ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ БО ПИРӮЗИИ ТИМИ ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ЁФТ

Тими ҷудои Тоҷикистон дар рӯзи сеюми Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо 2 медали дигар ба даст оварда, дар ҳисоби даставӣ бо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд.


 

Дар рӯзи охир рақобатҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг ва +100кг миёни мардҳо ва -78кг, +78кг миёни бонувон сурат гирифт. Ҷумҳурии моро дар ин рӯз 12 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карда, ба гирифтани 1 медали тилло ва 1 нуқра мушарраф шуданд.

 

Медали тиллоро варзишгари маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг мушарраф шуд. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Озарбойҷон Вугар Толибов, дар чорякфинал бар паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов, дар нимфинал бар намояндаи Узбекистон Ҷаҳонгир Мамадраҳимов ва дар финал бар Элдар Аллаҳвердиев аз тими варзишгарони бетараф дастболо шуд. Ҷаҳонгир дар ин вазн ҷои ҳафтумро ишғол намуд. 


 

Дар вазни +100кг Темур Раҳимов ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд. Темур низ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Валерий Эндовитский аз тими варзишгарони бетараф, дар чорякфинал бар Ерасил Кажибаеви қазоқистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи дигари кишварамон Шакармамад Мирмамадов дастболо шуд, вале дар финал аз Тамерлан Башаев аз тими варзишгарони бетараф мағлуб гардид. Шакармамад Мирмамадов дар ин вазн ҷои панҷумро гирифт.

 

Ҳамин тариқ, тими ҷудои Тоҷикистон дар аввалин Гран Прии Душанбе ба гирифтани 7 медал – 3 тилло, 3 нуқра, 1 биринҷӣ, инчунин 2 ҷои панҷум, 2 ҷои ҳафтум – мушарраф шуданд ва Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ миёни 40 давлати иштирокчӣ дар ҷои 1-ум мавқеъ гирифт.

 

Ёдрас мешавем, ки дар рӯзи аввал варзишгарони мо Обид Ҷебов дар вазни -66кг медали тилло, Меҳрзод Суфиев дар вазни -60кг медали биринҷӣ, дар рӯзи дуюм Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг медали тилло, Шодмон Ризоев дар ҳамин вазн медали нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг медали нуқра ба даст оварданд.

 

Натиҷаи рақобатҳои рӯзи сеюми Dushanbe Grand Prix 2023:

 

Вазни -78кг

1. Анна Монта Олек (Олмон)

2. Анна-Мария Вагнер (Олмон)

3. Ҷорҷиа Стангерлин (Италия)

3. Александра Бабинтсева (тими варзишгарони бетараф)

 

Вазни +78кг

1. Рошел Нунес (Португал)

2. Самира Буизгарне (Олмон)

3. Адиясурен Амарсайхан (Муғулистон)

3. Даря Владимирова (тими варзишгарони бетараф)

 

Вазни -90кг

1. Комроншоҳ Устопириён (ТОҶИКИСТОН)

2. Элдар Аллаҳвердиев (тими варзишгарони бетараф)

3. Давид Кламмерт (Чех)

3. Элҷан Ҳоҷиев (Озарбойҷон)

 

Вазни -100кг

1. Матвей Каниковский (тими варзишгарони бетараф)

2. Ниёз Билолов (тими варзишгарони бетараф)

3. Златко Кумрич (Хорватия)

3. Гончигсурен Батхуяга (Муғулистон)

 

Вазни +100кг

1. Темарлан Башаев (тими варзишгарони бетараф)

2. Темур Раҳимов (ТОҶИКИСТОН)

3. Ерасил Кажибаев (Қазоқистон)

3. Магамедомар Магамедомаров (АМА)