СОМОН МАҲМАДБЕКОВ – ҒОЛИБИ ГРАНД СЛАМИ ҚАЗОҚИСТОН

17 май дар шаҳри Остона рақобатҳои рӯзи дуюми Гранд Слами Қазоқистон дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон идома ёфт, ки ҷумҳурии моро миёни мардҳо дар вазни -81кг Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев намояндагӣ карданд.



 

Варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. 

 

Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари бетараф Ҳасан Холмирзоев, дар чорякфинал бар варзишгари Озарбойҷон Зелим Тскаев, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гошилаидзе ва дар финал варзишгари Бразил Гуилҳерме Шмидтро мағлуб намуда, аввалин медали тиллоро аз мусобиқаҳои Гранд Слам ба гардан овехт. Сомон қаблан дар Гранд Сламҳо ду медали биринҷӣ дошт.

 

Варзишгари дигарамон Шодмон Ризоев пас аз пирӯзӣ бар Мусо Собирови узбекистонӣ дар даври аввал, дар даври дуюм аз Нугзалӣ Таталашвилӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб шикаст хурд.

 

Ёдрас мешавем, ки дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

 

Мусобиқа фардо бо рақобатҳои мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг анҷом меёбад.

 

Дар рӯзи ҷамъбастӣ ҷумҳурии моро Умедҷон Раҷабов (-90кг), Исроил Раҳимов (-100кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.