МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ҶУДОИ ТОҶИКИСТОН БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ОСА

Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир бо ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Отабек Умаров мулоқот анҷом дод.



 

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди варзиш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷудоро баррасӣ карданд. 

 

Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои пазируфтани даъват ва ташриф ба Тоҷикистон ба Отабек Умаров изҳори ташаккур намуд.

 

Отабек Умаров, ки дар Гран Прии Душанбе ширкат дошт, ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва бошукуҳ ташкил ва баргузор кардани аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо – Гран Прии Душанбе, инчунин дастгирии мухлисон ва меҳмоннавозии тоҷикон баҳои баланд дод.

 

Ёдрас мешавем, ки аввалин Гран Прии Душанбе 2-4 июни соли равон баргузор шуда, варзишгарони мо сазовори 7 медал – 3 тилло, 3 нуқра, 1 биринҷӣ гардиданд.