Тими ҷудои Тоҷикистон дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон дар Тошканд ба гирифтани 11 медал мушарраф шуданд
Дар рӯзи охир рақобатҳо дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг ва +100кг миёни мардҳо ва -78кг, +78кг миёни бонувон сурат гирифт. Ҷумҳурии моро дар ин рӯз 15 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карда, ба гирифтани 3 нишони биринҷи мушарраф шуданд. Нишони биринҷи аввал варзишгари маъруфи кишвар Сайфуддинзода Сайфиддин дар вазни -81кг мушарраф шуд. Сунат Лоиқов дар ҳамин вазн ҷои панҷумро гирифт Дар вазни -90кг Умедҷон Раҷабов ба гирифтани дувум медали биринҷи мушарраф шуд. Нишони биринҷи севум варзишгар Ашуров Ҳабибулло дар вазни -100кг мушарраф шуд. Парвиз Абдураҳмонов дар ин вазн ҷои панҷумро гирифт. Элмуродов Иброҳим низ дар вазни +100 ҷои панҷумро гирифт. Ҳамин тариқ, тими ҷудои Тоҷикистон дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон дар Тошканд ба гирифтани 11 медал – 1 тилло ва 10 биринҷӣ, инчунин 5 ҷои панҷум, 8 ҷои ҳафтум – мушарраф шуданд. Ёдрас мешавем, ки дар рӯзи аввал варзишгарони мо Лоиқ Қудбиддинов дар вазни -55кг медали биринҷи, Мадина Қурбонзода дар вазни -48кг медали биринҷӣ, Лоиқов Муҳамаддин дар вазни -66кг медали биринҷи ба даст оварданд. Дар рӯзи дувум Абдуҷалилзода Аминҷон дар вазни -73кг медали биринҷи ба даст овард. Дар рӯзи севум варзишгарони мо Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни -73кг медали биринҷи, Абубакр Шероа дар ҳамин вазни (-73кг) сазовори медали тилло шуд. Дар байни бонувон бошад, Аҳлия Муминова дар вазни -52кг медали биринҷи бадаст оварданд.
