БЕҲРУЗИ ХОҶАЗОДА– ДАР HUNGARY MASTERS 2023 МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТ

БЕҲРУЗИ  ХОҶАЗОДА– ДАР HUNGARY MASTERS 2023 МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТ 5 Август дар шаҳри Будапешт рақобатҳои рӯзи дуюми HUNGARY MASTERS 2023 дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон идома ёфт, ҷумҳурии моро миёни мардҳо дар вазни -73кг Беҳрузи Хоҷазода  намояндагӣ кард. Варзишгари маъруфи кишвар Беҳрузи Хоҷазода  дар вазни -73кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.  Беҳрузи Хоҷазода , ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Итолёви Ломбардо Мануел, дар даври сеюм варзишгари мизбон Даниелро, чорякфинал бар қаҳрамони феълии ҷаҳон  Стамп Нилс, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Терашвили Георги  мағлуб намуда ва дар финал дар варзишгари Ҷопон  Ҳашимото Соичи мағлуб шуда, аввалин медали нуқраро аз мусобиқаҳои MASTERS 2023 ба гардан овехт. Мусобиқа фардо бо рақобатҳои мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг анҷом меёбад. Дар рӯзи ҷамъбастӣ ҷумҳурии моро Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов +100кг) намояндагӣ мекунанд.