ТЕМУР РАҲИМОВ– ДАР HUNGARY MASTERS 2023 МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТ

ТЕМУР РАҲИМОВ– ДАР HUNGARY MASTERS 2023 МЕДАЛИ НУҚРА ГИРИФТ 6 Август дар шаҳри Будапешт рақобатҳои рӯзи сеюми HUNGARY MASTERS 2023 дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, миёни мардҳо, -78кг, +78кг  миёни бонувон идома ёфт, ҷумҳурии моро миёни мардҳо дар вазни +100 Темур Раҳимов  намояндагӣ кард. Варзишгари маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.  Темур Раҳимов , ки дар даври аввал озод буд, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ҳолланди  Йелле Сниппе,дар чорякфинал бар  ЮН ЧАГУ, дар нимфинал  намояндаи Ҷопон  Кокоро Кагеура  мағлуб намуда  дар финал аз варзишгари Финляндия  Мартти Пуумалайнен шикаст хурда, дуюмин  медали нуқраро аз мусобиқаҳои MASTERS ба гардан овехт.