BOOOMMMM!!! 💥 Душанбе-мизбони Гранд Слам оид ба ҷудо!!! 🥋

BOOOMMMM!!! 💥
Душанбе-мизбони Гранд Слам оид ба ҷудо!!! 🥋

Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 2024 🗓️пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо “Grand Slam” мегардад.
Аввалин мусобиқаи байналмилалии “Гран-Слами Душанбе-2024” рӯзҳои 3-5 май ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бори нахуст “Гран-При-Душанбе-2023” роҳандозӣ гардида буд, ки дар он ҷудокорони 40 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд.
Ҳамакнун варзишгарони беҳтарини сайёра барои касби имтиёзҳои рейтингӣ ба Гранд Слами Душанбешаҳр хоҳанд ома
д!